Пайвандҳои дастрасӣ

Ханс Алтер ба Душанбе омад


Ханс Алтер, раиси Палатаи болоии парлумони Швейтсария бо сафари дурӯзаи корӣ вориди Тоҷикистон шуд. Тибқи иттилои дафтари Созмони ҳамкории Швейтсария дар доираи сафар Ханс Алтер бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва вазири корҳои хориҷа, Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот хоҳад кард. Масъулини Созмони ҳамкории Швейтсария мегӯянд дар доираи мулоқотҳо баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва масоили минтақавӣ дар назар аст. Мақсади асосии сафари Ханс Алтер ба Тоҷикистон густариши робитаҳо миёни парлумонҳои ду кишвар арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG