Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модафиле дар Куриёи Ҷанубӣ "сухандон" шудааст


Дар Куриёи Ҷанубӣ як фили бузург баъд аз 19 соли танҳоӣ ба қавле сухангӯ шудааст. Кошик, як модафили 22-солаи осиёӣ дар боғи ҳайвоноти шаҳри Ёнгин, дар ҷануби шаҳри Сеул пойтахти Куриёи Ҷанубӣ бо тақлид ба инсон чанд калимаи куриёӣ ёд гирифтааст. Гурӯҳе аз донишмандони ин кишвар ва Аврупо мегӯянд, ки Кошик бо хартуми худ панҷ калима, аз ҷумлаи калимаи хуб ба забони куриёиро таллафуз мекунад. Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, мумкин аст, Кошик аз танҳоӣ кашидан ба тақлиди инсонҳо шурӯъ карда бошад, вале маълум нест, ки маънии калимаҳои аз бар кардаашро медонад ё не? Мураббии Кошик гуфтааст, ки мехоҳад ба ӯ калимаи “сарангае”-ро ёд бидиҳад, ки “дӯстат медорам” тарҷума мешавад.
XS
SM
MD
LG