Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорат барои муолиҷаи Барзу аз сафорати Русия кӯмак хост


Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театр

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театр

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз сафорати Русия дар Душанбе дархост кардааст, ки барои муолиҷаи Барзу Абдураззоқов, кӯмак кунад.

Дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, дар номае, ки вазорат ба сафорати Русия ирсол доштааст, гуфта мешавад, ки феълан коргардони тоҷик Барзу Абдраззоқов дар бемористони ба номи Гелмголтсии шаҳри Маскав таҳти муоина ва табобати пизишкон қарор дорад ва барои ҷарроҳию муолиҷаи ӯ маблағи зиёде лозим меояд.

Аз ин рӯ Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дархост кардааст, ки мақомоти зидахли ҳукумати Русия барои сарфу харҷи табобати коргардони тоҷик мусоидат кунанд. Дар ҳамин ҳол як намояндаи сафорати Русия рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки воқеан аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ин мазмун нома ворид шудааст ва барои иҷрои ин дархост сафорати Русия ҳатман чораҷуӣ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Фотима Ғуломова модари Барзу Абдураззоқов гуфт, ки дар суҳбати телефонӣ Барзу аз беҳбудии биноии худ хабар додааст. Қаблан, ки худи Барзу биноии худро 5 дарсад мегуфт, ҳоло тавоноии чашмонаш ба 18 дарсад расидааст.

Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи театри Тоҷикистон рӯзи 10-уми октябр зимни убур аз хиёбони Исмоили Сомонӣ ба тарафи Театри опера ва балети ба номи Айнӣ ба як худрави тамғаи «Мерседес-бенз» бархӯрд, ки бо сараш ба замин афтод. Ӯ қаблан ба Озодӣ гуфта буд, ки барои як ҳунарманди театр аз даст додани биноии чашм фоҷеаи сангин аст. Вай афзуд, ки ронандаи «Мерседес»-ро бахшидааст ва дар нисбати ӯ даъвое надорад.

Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик соли гузашта дар 13 ҷашнвораи байнулмилалӣ ширкат кард, ки охиринаш дар Эрон буд. Мавсими театрии имсола дар театри Лоҳутӣ бо намоишномаи "Хидматгори ду хоҷа"-и адиби итолиёвӣ Карло Голдонӣ шурӯъ шуд, ки онро Барзу Абдураззоқов ба саҳна гузоштааст.

Яке аз намоишҳои дигари таҳиякардаи ӯ бо номи "Девонагӣ. Соли 93", ки бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс "Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат" рӯи саҳна омад ва бо вуҷуди он, ки аз ҳодисаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронса ҳикоят мекард, аз ҷониби вазорати фарҳанги Тоҷикистон манъ гардид.

Танҳо пас аз танқиди зиёд дар матбуот, ба Театри ба номи Маяковский иҷозат шуд, ин спектаклро намоиш диҳад. Асари дигари Барзу Абдураззоқов бо номи “Табиби зӯракӣ” дар Ҷашнвораи театрҳои хиёбонӣ дар Эрон, яке аз ҷоизаҳои асосиро соҳиб шуд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG