Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парҳези Воллмарт ва Зара аз пахтаи Узбакистон


Раҳбари як созмони ҳомии ҳуқуқи коргарон дар Амрико мегӯяд, бештар аз 100 ширкати тавлидкунандаи либос, аз хариди нахи пахтаи Ӯзбакистон даст кашидаанд, ки барои ҷамъоварии он аз нерӯи кӯдакон истифода мекунад. Патрисиа Юревич, мудири RSN, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҷумла ширкатҳои маъруфи Wal-Mart, JCPenney, American Eagle, Zara ва чандин ширкати дигар ба сафи онҳое пайвастанд, ки аз хариди нахи пахтаи Ӯзбакистон даст кашидаанд. Ба гуфтаи Патрисиа Юревич, бо вуҷуди амри раиси ҷумҳури Ӯзбакистон дар бораи манъи ҷалби кӯдакон ба пахтачинӣ, наврасони аз 15 то 18-сола ва калонсолони дигарро маҷбуран ба ҷамъоварии ҳосили пахта мебаранд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ солҳост, ки Ӯзбакистон аз бузургтарин тавлидкунандаи пунба дар ҷаҳонро барои ҳамин кораш интиқод мекунанд.
XS
SM
MD
LG