Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин модели нави ҳавопаймои ноаёнро озмоиш кард


Ба гузориши матбуоти давлатӣ, мутахассисони Чин модели нави ҳавопаймои ноаёни ҷангиро озмоиш карданд. Ҳавопаймои навъи J-31 рӯзи чаҳоршанбе аз вилояти Лиаонинг бархоста ва барои 10 дақиқа парвоз кардааст. Шоҳидони айнӣ аксҳои ин ҳавопаймои ҷангии сиёҳро дар Интернет нашр кардаанд, ки бо чархҳои боз дар ҳоли парвоз аст. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ду соли ахир ду навъи ҳавопаймоҳои ноаёни ҷангиро озмоиш мекунад, ки модели аввалини он J-20 соли 2011 муаррифӣ шуд. Ба гуфтаи мутахассисон солҳои лозим мешавад, то Чин ин навъи ҳавопаймоҳои пешрафтаи ҷангиро, ки аз чашми радарҳо пинҳон мемонанд, барои истифода дар нерӯҳои мусаллаҳи кишвар омода кунад. Чин, ки дар пайи тақвияти қудрати низомии хеш аст ва буҷаи низомиаш имсол ба 100 миллиард доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG