Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳ ҳукми "истаравшаниҳо"-ро бетағйир гузошт


Додгоҳи олии Тоҷикистон баррасии аризаи шикоятиии маҳкумшудагони парвандаи "истаравшаниҳо"-ро поён додааст.

Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи парвандаи "истаравшаниҳо» рӯзи ҷумъаи 2-юми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки намояндаи Додгоҳи олии Тоҷикистон паси дарҳои баста натиҷаи таҳқиқоти думоҳаи аризаи маҳкумшудагон дар ин парвандаро ҷамъбаст кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Додгоҳи олӣ, ду моҳ қабл гуруҳи 49 нафарае, ки аз рӯи ин парванда муҷозот шудаанд, зимни аризаҳои ҷудогона ба Додситонии кул (Прокуратураи генералӣ) шикоят карда буданд, ки гуноҳҳои онҳо дар пайи истифодаи шиканҷа ва зӯроварӣ "собит" шудааст.

Вакили мудофеъ, Бахтиёр Насруллоев мегӯяд, ки ҳайати комиссияи Додгоҳи олӣ бо вуҷуди бозпурсии маъмурони амниятиву пулис, ки масъулияти парвандаи "истаравшанҳо"-ро ба ӯҳда доштанд, ба хулосе омадааст, ки гуё ҳангоми пурсиш аз айбдоршавандаҳо аз шиканҷа ва зӯр кор гирифта нашудааст. Додгоҳи олӣ далелу арзи маҳкумшудагонро беасос медонад.

Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеъи парвандаи «истаравшаниҳо» дар сӯҳбат ба Озодӣ роҷеъ ба тасмими ниҳоии додгоҳ гуфт:

Бахтиёр Насруллоев: Имрӯз, ҷумъаи 2-юми ноябр соатҳои 11:30 ба поён расид. Додгоҳи Олии Тоҷикистон тасмимро нисбати аризаи маҳкумшудагон содир кард. Додгоҳ тасмими додгоҳи вилояти Суғдро бидуни тағйир монд. Ин ҳукм танҳо бо ба эътиборгирии ночиз, ки он ҷазое, ки таъин шуда буд, камтар кам кард. Лекин шикояти кассатсионӣ, ки аз тарафи ҳимоятчиён ва худи маҳкумшудагон навишта шуда буд, далели бегуноҳии аксари онҳо буд. Ҳамчунин аксари далелҳое, ки дар натиҷаи истифодаи шиканҷа ҷамъ оварда шуданд, аз мадди назари додгоҳ дур монд ва ба он ягон баҳои ҳуқуқӣ дода нашуд. Далелҳое, ки аз тарафи ҳимоятчиён ва маҳкумшудагон дар робита ба истифодаи шиканҷа низ рад гардиданд.

Озодӣ: Пас то куҷо умеди бозбинии шикояти маҳкумшудагон ва ё сафед кардани онҳо вуҷуд хоҳад дошт?

Бахтиёр Насруллоев: Албатта қонунгузории мурофиавии ҷиноии Тоҷикистон барои бозбинӣ ба мо имконият фароҳам овардааст, ки боз ба як зинаи дигари додгоҳӣ, ки назоратӣ аст, ба тариқи назоратӣ шикоят кунем. Ҳарчанд аз додгоҳҳо умед камтар аст, лекин ба қавли додрас Сатторов, муовини раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, «шайтон ноумед аст», мо, яъне ҳимоятчиён ва маҳкумшудагону пайвандонашон то охир мубориза мебарем.

Озодӣ: Вақте, тариқи назоратӣ мегӯед, манзуратон чӣ аст? Яъне зинаи баъдии баррасӣ кадом аст?

Бахтиёр Насруллоев: Мурофиае, ки имрӯз шуда гузашт, зинаи кассатсионӣ буд, ва марҳалаи оянда назоратӣ аст, ки аз тарафи Раёсати Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Ба ин далел тасмими мо қатъӣ аст ва ҳатман ба марҳалаи назоратӣ, яъне Раёсати Дқодгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят хоҳем бурд.

Озодӣ: Агар раваду дар марҳалаи назоратӣ, яъне дар Раёсати Додгоҳии Олии Тоҷикистон низ ҳукм бидуни тағйир монад, дар ниҳоят чӣ иқдом хоҳед кард?

Бахтиёр Насруллоев: Мо ин тарафи масъаларо низ мадди назар дорем ва қарор додаем, ки дар сурати беқаноат мондани шикоятҳои мо ба Кумитаи ҳуқуқим башари Созмони Мтилали Мутаҳҳид муроҷаит хоҳем кард. Он гуна, ки гуфтам, мо, ҳимоятчиёну маҳкумшудагон ва пайвандони онҳо то охир мубориза мебарем.


Ёддовар мешавем, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон 44 нафар аз ин гурӯҳро аз 8 то 30 сол аз озодӣ маҳкум кард ва 5 тани онҳоро ҳукми абад дода буд. Онҳо барои даст доштан дар амалиёти террористии 3-юми сентябри соли 2010-ум дар маркази вилояти Суғд ва ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон, муттаҳам мешуданд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG