Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Супориши нави Э.Раҳмон оиди зиёд намудани маош


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон супориш додаст, ки маоши кормандони хонаинтернатҳои кишвар боло бардошта шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазорати маориф супориш шудаст, ки лоиҳаи қарор дар бораи баланд бардоштани маоши муаллимон ва мураббиёни хонаинтернатҳоро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намояд.

Ин дар ҳолест, ки фармони қаблии президент дар бораи зиёд намудани маош дар хонаинтернатҳо ҳанӯз пурра иҷро нашудаст.
Эмомалӣ Раҳмон, моҳи августи соли ҷорӣ фармон содир карда буд, ҳаҷми ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат 2,5 баробар зиёд шуда, аз 80 ба 200 сомонӣ расонда шавад. Яъне, дар ҳамаи корхонаву муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ музди моҳонаи кормандон набояд аз 200 сомонӣ кам мешуд.

Аммо Саида Гулҷонова -- як корманди хона-интернати шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, аз фармони президент се моҳ мегузарад, вале музди кориашро боло набурдаанд ва дар ҳаҷми пешина боқӣ мондаст. Вай, ки соҳиби 4 фарзанд аст, ҳаҷми маошашро дар хона-интернат 70 сомонӣ гуфт.
XS
SM
MD
LG