Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафорат ду ноболиғро ба модаркалонашон баргардонд


Дипломатҳои тоҷик ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистонро аз хонаи кӯдакони шаҳри Фрязинои Русия гирифта, ба модаркалонашон супурдаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия чанде пеш, баъди фавти шаҳрванди Тоҷикистон, Фозилова Зарина Давроновна дар шаҳри Фрязинои вилояти Москва, ду фарзанди ӯ - Фозилова Хадича Дилмуродовна санаи таваллудаш 05.05.2009 ва Фозилова Зоира Дилмуродовна санаи таваллудаш 19.04.2010 бепарастор монданд.

Ба гуфтаи масъулини сафорат ин ду кӯдак ба хонаи бачаҳои шаҳри Фрязино супорида шуда, мақомоти дахлдори маҳаллӣ, муроҷиату хоҳиши модаркалони онҳо – Абдуллоева Мафтунаро дар иртибот ба ихтиёри ӯ вогузор кардани тарбияву парвариши онҳо, бо сабабҳои гуногун, кашол медоданд.

Масъулини намояндагии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки баъди дахолати дипломатҳои тоҷик ахиран, Хадичаву Нодира ба ихтиёри Абдуллоева Мафтуна супорида шуданд.
XS
SM
MD
LG