Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Амрико дар баробари офату фоҷиаҳо яктан аст"


Барак Обама осебдидагони тӯфони "Сэнди"-ро дилбардорӣ мекунад.
Барак Обама осебдидагони тӯфони "Сэнди"-ро дилбардорӣ мекунад.

Барак Обама аз зуҳури беҳтарин хислатҳои амрикоиҳо рӯзҳои сангини тӯфони “Сэнди”, ёдоварӣ кард.

Барак Обама, ки дар нахустин мулоқоташ бо интихобкунандагон дар аёлати Висконсин баъди аз сар гирифтани маъракаи пешазинтихоботӣ сӯҳбат мекард, гуфт, Амрико дар рӯ ба рӯи ҳама офату фоҷиа якдилу яктан мешавад ва ихтилофу тафриқа дар ҷомеъа аз байн меравад: “Рӯзҳои тӯфон ман на демократҳову ҷумҳурихоҳон, балки амрикоиҳои асилро дидам”.

Барак Обама барои се рӯз, замони бедодгариҳои тӯфони “Сэнди”, маъракаи пешазинтихоботияшро мутаваққиф кард, то ки фақат рӯи масоили марбут ба тӯфон ва рафъи паёмадҳои он тамаркуз кунад.

Коршиносон мегӯянд, ки тасмими Обама оқилона буд, зеро агар ӯ дар ин вазъ маъракаи таблиғотияшро идома медод, шояд ҳазорҳо амрикоиҳо пушт сӯи ӯ мекарданд. Гуфта мешавад, ҳар ҳашт нафар аз даҳ касе, ки рӯзномаи Washington Post ва шабакаи телевизионии Эй-би-си бо онҳо мусоҳиб шуданд, фаъолияти Обамаро дар рӯзҳои тӯфон “олӣ” ё “хело хуб” арзёбӣ намуданд.

Обама дар ҷамъи ҷонибдоронаш дар аёлати Виконсин ба комёбиҳо дар мӯҳлати аввали президентияш ишора кард. Ӯ гуфт, ки “соли 2008 мо дар байни ду ҷанг ва дар мудҳиштарин бӯҳрони иқтисодӣ аз давраи Афсурдагии Бузург қарор доштем. Имрӯз ширкатҳои мо беш аз 5 миллион ҷойҳои нави кор таъсис карданд. Саноати мошинсозии Амрико боз дар сатҳи воло қарор гирифт. Афзоиши тавлидот дар Амрико – волотарин дар 15 соли ахир аст. Мо бори аввал дар давоми 20 соли ахир аз воридоти нафт зиёд пойбанд нестем. Тавассути ҷасорату қурбониҳои мардону занони низомипӯши мо, ҷанг дар Ироқ хотима ёфт. Ҷанг дар Афғонистон ҳам поён меёбад. Ал-Қоида суқут кард. Усома бин Лодин кушта шуд. Ҳамин тариқ, мо тайи чаҳор соли гузашта ба комёбиҳои воқеӣ муваффақ шудем."

Рақиби Барак Обама аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Митт Ромнӣ ҳам, ки маъракаи таблиғотии худро мутаваққиф карда буд, рӯзи панҷшанбе бо интихобкунандагон дар Вирҷиния мулоқот дошт. Коршиносон мегӯянд, ки ҳарду номзад ба мақоми раёсатҷумҳурӣ барои пирӯзӣ шонси баробар доранд ва натиҷаи интихобот шояд ба раъйҳои интихобкунандагон дар даҳ аёлати ба истилоҳ “дудила”, аз ҷумла, Огайо, пайванд бигирад.

Дар ҳамин ҳол мири Ню-Йорк Майкл Блумберг аз Барак Обама пуштибонӣ кард. Блумберг, аъзои пешини ҳизби ҷумҳурихоҳон, дар як матлаб дар интернет, аз саҳми раисиҷумҳур дар мубориза бо тағйири иқлим ситоиш кард ва навишт, ки тӯфони харобиовари ахир як намунаи тағйири иқлим дар сайёра аст. Аммо, ба гуфтаи Блумберг, рақиби Обама дар мавриди гармшавии иқлим чун раисиҷумҳури феълӣ назари рӯшану возеҳ надорад.

Коршиносон мегӯянд, дар вазъе, ки шонсҳои номзадҳо баробаранд, пуштибонии афроде чун Блумберг метавонад афроди дудиларо барои раъй додан ба ин ё он номзад ташвиқ кунад. Мардуми Амрико ба кӣ бартарӣ хоҳанд дод, ба зудӣ маълум хоҳад шуд - то интихоботи президенти ИМА чаҳор рӯзи дигар боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG