Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониёвӣ мехост ба Эрон қисмҳои эҳтиётӣ фурӯшад


Шаҳрванди Бритониё Кристофер Тэппин эътироф намуд, ки мехост бо нақзи таҳримҳои байнулмилалӣ ба Эрон қисмҳои эҳтиётӣ барои мушакҳоро фурӯшад. Мурофиаи додгоҳӣ дар шаҳри Эл-Пасо, аёлати Техаси ИМА, ҷараён дорад. Гуфта мешавад, ки бритониёвӣ шояд ба 33 моҳи маҳбас маҳкум шавад ва ӯ метавонад, аз рӯи хосташ, ин мӯҳлатро дар маҳбаси ватанаш сипарӣ кунад.

Ба гуфтаи айбдоркунанда, Тэппин ҳамроҳ бо ду нафар, ки қаблан аллакай ба ду солии зиндон маҳкум шудаанд, мехост аз тариқи Ҳуланд ба Эрон қисмҳои эҳтиётӣ барои мушакҳои зидди ҳамлаи ҳавоии “замин-ҳаво”-ро фурӯшад. Яке аз миёнаравҳо дар ин тиҷорати ноком корманди хадамоти кашфи Амрико буд.

Ҳукми Кристофер Тэппин рӯзи 9 январ эълон мешавад.
XS
SM
MD
LG