Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил ба куштори Халил ал-Вазир иқрор кард


Эҳуд Барак дар амалиёти нобудсозии ал-Вазир ширкат дошт

Эҳуд Барак дар амалиёти нобудсозии ал-Вазир ширкат дошт

Вазорати дифои Исроил ба нашри як матлаб дар бораи куштори Халил ал-Вазир, муовини раҳбари пешини Идораи худгардони Фаластин Ёсир Арафот, дар соли 1988 иҷоза дод.

12 сол пеш рӯзномаи “Едиот Ахронот" бо як узви гурӯҳе мусоҳиба анюом дод, ки дар як амалиёт дар Тунис Халил ал-Вазир, мулаққаб ба Абу Ҷиҳодро эъдом карда буд.

Вазорат ахиран ба нашри ин мусоҳиба иҷоза дод ва ба ин васила Исроил расман иқрор намуд, ки маҳз хадамоти ҷосусии ин кишвар куштори яке аз раҳбарони вақти Идораи худгардони Фаластинро ташкил карда буд. Дар Исроил Абу Ҷиҳод дар ташкили силсилаи ҳамлаҳои террористӣ алайҳи кишвар айбдор мешуд.

Бар пояи хабарҳо, дар амалиёти аз байн бурдани Халил ал-Вазир вазири феълии мудофиа Эҳуд Барак ва муовини нахуствазир Моше Яаалон ҳам ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG