Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Афина хабарнигор Костас Ваксеванисро, ки чанд рӯз пеш рӯйхати шаҳрвандони дар бонкҳои Швейсария маблағи бузург доштаро нашр карда буд, сафед кард. Хабарнигор дар ҳафтаномаи Hot Doc ному насаби 2059 нафарро нашр намуд, ки миёни онҳо тоҷирон ва сиёсатмадорони маъруфи Юнон ҳам ҳастанд. Онҳо то соли 2007 дар бонкҳои Швейсария тақрибан 2 миллиард евро маблағ доштанд.

Хабарнигор бо иттиҳоми нақзи қонуни дахлнопазирии иттилои шахсӣ боздошт шуда буд ва ба ӯ се соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекард.

Ба гуфтаи Ваксеванис, ин рӯйхатро ду сол пеш Кристин Лагард, он замон вазири молияи Фаронса, дар ихтиёри ҳукумати Юнон гузошта буд, то иттилоъ дар бораи эҳтимоли аз молиёт сарпечӣ кардани ин афродро тафтиш кунад. Аммо ҳукумат фақат иттилоъ дар бораи 22 нафар аз ин рӯйхатро ба парлумону полис ироа карду халос.

Хабарнигор гуфт, маҳз бетафовутии ҳукумат ва мақомоти интизомии Юнон ӯро барои нашри рӯйхат водор намуд.
XS
SM
MD
LG