Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Павел Лазаренко маҳбасро тарк намуд


Павел Лазаренко
Павел Лазаренко
Павел Лазаренко, нахуствазири пешини Украина, ки бо иттиҳоми қаллобӣ ва “шустушӯи пул” барои 8 сол маҳкум ба зиндон шуда буд, имрӯз маҳбаси амрикоиро тарк намуд. Хабари раҳоии ӯро вакили дифояш Дэниел Хоровитс дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Хоровитс афзуд, ки ӯ аз имкони кушта шудани Лазаренко дар сурати баргаштанаш ба Ватан нигарон аст.

Павел Лазаренко соли 1999 ба Амрико рафт то он ҷо паноҳандагии сиёсӣ пайдо кунад ва аммо боздошт ва маҳкум ба зиндон шуд. Ӯ солҳои 1996-1997 раиси кобинаи вазирони Украина буд.

Мақомоти Украина нахуствазири пешинро дар сарпечӣ аз пардохти молиёт ва даст доштан дар чанд куштор айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG