Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Фаъолон мегӯянд 11 ғуломро дар Маскав наҷот додаанд


Кумитаи тафтишотии Русия ба таҳқиқи қазияи ғуломии 12 шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбакистон дар як фурӯшгоҳи хӯроквории Маскав оғоз кардааст.

Ин ниҳод дар торнамои худ навиштааст, парванда зимни аризаи шикояти ду зане боз шуд, ки мегӯянд, солҳоии зиёд дар зери дасти соҳиби фурӯшгоҳ, ки аз Қазоқистон будааст, ғуломӣ кардаанд. Онҳо инчунин гуфтаанд, ки ду фарзандашон рабуда шудаанд. Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, ин иттиҳомро низ таҳқиқ мекунад, ки кӯдакон ва як зан ҳадафи таҷрибаҳои тиббӣ қарор доштаанд. Кумита хабар додааст, ки тифлони бенишонгаштаро дарёфт кардааст.

Кумитаи тафтишотии Русия замоне ба қазия рӯй овард, ки дар чандин сомонаи интернетӣ аз тарафи намояндагони созмони ғайридавлатии “Алтернатива” хабар дода шуд, ки онҳо рӯзи 30-юми октябр 11 нафарро, ки дар ин фурӯшгоҳ ба таври маҷбурӣ нигаҳдорӣ ва латукӯб мешудаанд, огаҳӣ ёфтанд ва ҳамроҳи дастаҳои наворбардори телевизионҳои НТВ и Рен-ТВ ба фурӯшгоҳ ворид гашта, ин афрод, аз ҷумла 9 занро озод намуданд.

Дар навори видеоии созмони мазкур дар Ютюб дида мешавад, ки гурӯҳе вориди фурӯгоҳ гардида, талош мекунад, кормандони онро берун барорад. Як духтар дар ин навор модари худро ба оғӯш мекашад ва навиштае пайдо мешавад, ки ин духтар 10 сол модари худро надидааст. Фаъолони созмони “Алтернатива” мегӯянд, бо дархости заноне, ки дар ҳолати ғуломӣ нигаҳдорӣ мешуданд, ба ин фурӯшгоҳ омадаанд. Полис танҳо баъд аз поёни “амалиёт”-и онҳо ба ҷои воқеа даъват шудааст.

Бархе аз шабакаҳои телевизионии Русия ва ҳамчунин МГТРК “Мир” бо пахши порчаҳое аз ин навори видеоӣ гуфтаанд, қазия чандон рӯшан нест. Дар навор шахсоне, ки ба тоҷикон монанд бошанд, дида намешаванд. Дар торнамои созмони ғайридавлатии “Алтернатива” мусоҳибаи Лайло Аширова нашр шудааст, ки мегӯяд, шаҳрванди Узбакистон буда, 6 сол дар ин фурӯшгоҳ мисли ғулом кор мекард ва духтарчаашро соҳиби фурӯшгоҳ ба Қазоқистон бурдааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG