Пайвандҳои дастрасӣ

Хисороти тӯфони Сендиро ҳисоб кардаанд


Ба тахмини як муассисаи муҳосиботӣ дар Амрико, хисороти иқтисодие, ки тӯфони вайронгари Сенди ба ин кишвар ворид кардааст, шояд ба ба 50 миллиард доллар мерасад. Ширкати “Экикат” эълом кард, мумкин аст, хисороти ворида ба иқтисоди Амрико аз ин тӯфон аз 30 то ба 50 миллиард доллар бирасад. Тӯфони Сенди рӯзи душанбе ба Иёлоти Муттаҳида расида 70 нафарро кушт ва аз ҷумла баъзе аз гӯшаҳои шаҳри Ню Йоркро вайрону валангор кард. Зиндагӣ дар ин шаҳр ба тадриҷ ба маҷрои пешинааш бармегардад, ҳавопаймоҳо ба парвоз даромаданд ва баъзе аз хатҳои метро ҳам ҳаракат мекунанд. Интизор меравад, Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико ва рақибаш аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, ки дар рӯзҳои фалокат тарғиботи интихоботиро муттавақиф карда буданд, дигарбора ба ин корзор идома бидиҳанд. Интихоботи раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида рӯзи 6 ноябр баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG