Пайвандҳои дастрасӣ

Талафоти бузурги артиши Сурия


Ба гуфтаи як созмони ҳомии ҳуқуқ, шӯришиён дар Сурия бо ҳамла ба се посгоҳи артиш дар роҳи миёни Димишқ ва шаҳри Ҳалаб 28 сарбози ҳукуматиро куштаанд. Созони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар шаҳри Лондон қароргоҳ дорад, мегуяд, ки ин ҳамла рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Сароқиб, воқеъ дар вилояти Идлиб сурат гирифтааст. Дар ин ҳамла ҳамчунин 5 шӯриширо куштаанд. Шӯришиён гуфтаанд, аз бими мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтан, посгоҳҳои низомиро ишғол накарданд, вале гузориш мешавад, ки чанд мошини зиреҳпӯшро бо худ бурдаанд. Вилояти Идлиб яке аз саҳнаҳои аслии ҷанги шӯришиёни мухолифи ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ва ҳаводорони ӯ табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG