Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснанишинии занони маҳбус дар зиндони Эвин


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Нӯҳ маҳбуси сиёсии зан дар зиндони "Эвин" барои тафтиши ногаҳонии бадану васоили шахсиашон эътироз кардаанд.

Бино ба гузориши расонаҳои эронӣ, 9 тан аз маҳбусони сиёсии зан дар зиндони "Эвин" дар эътироз ба тафтиши ногаҳонии маҳалли нигаҳдории онҳо ва тафтиши бадану васоили шахсиашон гуруснанишинӣ эълом кардаанд.

Ин занони эътирозгар мехоҳанд, то масъулони зиндон барои чунин рафтор аз онҳо узр пурсанд ва замонат диҳанд, ки ин гуна амалкард дигар такрор нахоҳад шуд. Ба гузориши торнамои хабарии “Калима”, зӯҳри рӯзи сешанбе 20 нафар аз посбонони зан аз горди муҳофизати зиндони "Эвин" ба маҳалли нигаҳдори зиндониёни сиёсии зан ворид шуда, онҳоро бо шеваи “тавҳиномез” тафтиш кардаанд.

Бино ба ҳамин гузориш, Фоиза Ҳошимӣ, духтари Алиакбар Ҳошими Рафсанҷонӣ, раисиҷумҳури собиқ ва раиси Маҷмаи Ташхиси Маслиҳати Низоми Эрон, ки дар ҳоли ҳозир намоянда ва вакили бахши зиндониёни зан аст, ба ин иқдоми посбонон эътироз кардааст. Фоиза Ҳошимӣ ҳукми шаш моҳи зиндонро адо мекунад. Ӯро бо иттиҳоми тавҳин ба масъулони низоми Ҷумҳурии Исломӣ ба зиндон андохта буданд.

Торнамои “Калима” мегӯяд, муҳофизони зиндон баъд аз тафтиши бадани зиндониёни сиёсии зан онҳоро ба ҳавличаи танги зиндон бурда ва дар ҳамон ҷо барои соате маҳбус кардаанд. Дар ҳамин ҳин, маъмурони зиндон ба тафтиши васоили шахсии занони зиндонӣ пардохта ва ба эътирози онҳо рӯбарӯ шудаанд. Онҳо эътирози худро дар ҳавличаи танги зиндон бо сар додани шиор ва сурудхонӣ баён кардаанд.

Баъд аз ин ҳодиса, 9 нафар аз занони зиндонӣ ба гуруснанишинӣ пардохтаанд. Баҳора Ҳидоят, Нозия Дайҳамӣ, Жило бани Яъқуб ҳамроҳ бо 6 тани дигар аз ҷумлаи зиндониёне ҳастанд, ки ба нишони эътироз аз беэҳтиромӣ нисбат ба онҳо гуруснашинӣ мекунанд.

Гуруснашинии ин зиндониёни сиёсӣ дар маҳбаси "Эвин" дар ҳоле сурат мегирад, ки пеш аз ин Насрин Сутуда, яке аз ҳомиёни шинохтаи ҳуқуқи инсон дар ҳамин зиндон гуруснанишӣ кардааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG