Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни баҳсбарангези Русия ҳукми иҷро гирифт


Дар Русия қонуне ҳукми иҷро гирифт, иҷоза медиҳад, вебсайтҳоеро бубанданд, ки барои кӯдакон зиёновар дониста мешаванд. Бар асоси ин қонуни баҳсбарангез, мақомоти Русия ҳақ доранд, аз ширкатҳои интернетӣ бихоҳанд, дастрасӣ ба ҳар торнамоеро номумкин кунанд, ки ба назари мақомот иҳонатомез ҳастанд. Ҳукумати Русия мегӯяд, ҳадаф аз ин қонун эмин нигаҳ доштани кӯдакон аз фаҳшо ва ҳам маводи тарғиботӣ дар бораи маводи мухаддир ва худкушӣ дар интернет аст. Аммо созмонҳои ҳомии озодии баён мегӯянд, ки мумкин аст, бо баҳонаи ҳамин қонунро торнамоҳоеро дар Русия бубанданд, ки ҳукумат танқид мекунанд. Ширкатҳои ҷустуҷӯии Яндекс ва Майл ру, гуфтаанд, ки қонуни мазкур метавонад ба сензураи фарогир дар Русия бирасонад.
XS
SM
MD
LG