Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаҳои имдодӣ дар Тоҷикистон кам шудааст


Созмони Милал мегуяд, маблағгузории барномаҳои башардӯстона дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар семоҳаи дуввуми соли равон ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст. Дар як баёнияи расмии Муассисаи ҳамоҳангсози барномаҳои башарии Созмони Милал омадааст, барои иҷрои барномаҳои имдодӣ дар Қафқоз ва Осиёи Марказӣ дар семоҳаи дуввум танҳо панҷуним миллион доллар ихтисос додаанд, ки чаҳоруним миллион доллар камтар аз семоҳаи аввал аст. Дар баёния омадааст, бахши зиёди маблағҳое, ки аз моҳи июл то сентябр расидаанд, барои рафъи паёмадҳои бӯҳрони ғизоӣ дар Тоҷикистон ва омодагии кишвар ба зимистон харҷ шудаанд. Қазоқистон ягона кишвари минтақа ҳам дар иҷрои ингуна барномаҳо дар Тоҷикистон 270 ҳазор доллар додааст.
XS
SM
MD
LG