Пайвандҳои дастрасӣ

Бордюжа: "Ба зудӣ ба Узбакистон посух медиҳем"


Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, мегӯяд, кишварҳои узв ба зудӣ ба қарори Ӯзбакистон дар мавриди боздошти узвияташ дар ин созмон посух хоҳанд дод. Ӯ гуфт, тарҳи қарор дар ин замина омода шудааст ва афзуд, умедвор аст, ҳукумати Узбакистон сари ин тасмими худ андеша хоҳад кард, зеро ба гуфтаи Николай Бордюжа бо назардошти вазъи Афғонистон, ҳалли мустақилонаи масоили амниятӣ барои Ӯзбакистон мушкил хоҳад шуд. Николай Бордюжа дар ин бора дар шаҳри Алмаато сухан гуфт. Ӯзбакистон моҳи июл эълом кард, ки узвияташ дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро бозмедорад, ки ба он Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Белорус ва Арманистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG