Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарғиботи интихоботӣ дар Амрико шиддат мегирад


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва рақиби ӯ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Митт Ромни, корзори тарғиботии худро имрӯз шиддат мебахшанд. Мардуми Амрико рӯзи 6 ноябр аз миёни ин ҳарду якеро раиси ҷумҳур интихоб хоҳад кард. Барак Обама ба хотири расидагӣ ба масъалаҳои тӯфони Сенди дар Амрико тайи се рӯзи гузашта , корзори интихоботиашро муттавақиф карда буд. Митт Ромни ҳам маъракаҳои тарғиботиашро дар ин рӯзҳои камтар кардааст. Бино ба назархоҳиҳо, Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз Митт Ромни андаке пешсаф аст, агарчӣ ҳарду тараф умедворанд, ки дар интихобот пирӯз мешаванд. Натиҷаҳои интихоботи Амрико ба раъйи мардуми 10 аёлати Амрико ба мисли Оҳайо вобаста аст, ки дар онҳо ҳеҷ яке аз номзадҳо, дили аксариятро ба даст наёвардаанд.
XS
SM
MD
LG