Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали муштзанҳои тоҷик дар Шимкент


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Қароғозӣ Абдалиев дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон ду медал ба даст оварданд.

Ҷасур Қурбонов дар рақобатҳо дар вазни то 91 кг бо медали тилло ва Ҳалимбой Зокирбоев дар вазни то 81 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Ба иттилои Баҳром Усмонов, мураббии калони бокси дастаи мунтахаби вилояти Суғд, дар ин мусобиқа 132 муштзан аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин ширкат доштанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 варзишгар аз вилояти Суғд намояндагӣ карданд.

Талоши гуштигирони наврас барои ҷоми “Хон-Манас”

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи дзюдо миёни ҷавонон барои ҷоми “Хон-Манас”, ки дар пойтахти Қирғизистон - шаҳри Бишкек шурӯъ шуд, ширкат доранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 34 гуштигири синнашон 15-17-сола дохиланд. Дар ин мусобиқа, ки барои севумин бор баргузор шудааст, ҳудуди 600 паҳлавони наврас аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Русия ва Узбакистон иштирок мекунанд.

Се медали паҳлавонони тоҷик дар сабқати ҷаҳонии самбо

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни устодон се медал гирифтанд. Ин мусобиқа бо ширкати беш аз 450 варзишгар аз 22 кишвар дар шаҳри Касабланкаи Мароккаш баргузор шуд. Дар мусобиқа устодони синнашон аз 35 то 65 ва аз он боло ширкат доштанд. Паҳлавони тоҷик Маҳмадшариф Қурбонов, ки дар вазни то 100 кг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт, барандаи медали тилло гардид. Намояндагони дигари Тоҷикистон – Раҷабалӣ Холов дар вазни то 82 кг ва Алишер Аламов дар вазни то 74 кг бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

Бозгашти қаиқронҳои тоҷик аз Самарқанд бо се медал

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии қаиқронӣ “Ситораҳои Самарқанд-2012”, ки дар Узбакистон баргузор шуд, панҷ медал ба даст оварданд. Шаҳриёр Даминов ва Сергей Виталик бо медалҳои нуқра, Манучеҳр Баёззода, Руслан Салимов ва Мария Дадабоева бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар ин мусобиқа варзишгарони 26 кишвар ширкат доштанд. Моҳи октябри соли 2013-ум дар Самарқанд мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор хоҳад шуд.

Дастаи Тоҷикистон – ғолиби мусобиқаи мини-футбол

Мусобиқаи мини-футбол ё футболи хурд дар шаҳри Омски Русия бо ширкати 10 даста – иттиҳодияву диаспораҳои миллӣ дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Дастаи Тоҷикистон, ки дар бозии ниҳоӣ тими Қирғизистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, ғолиби ин мусобиқа гардид. Қирғизҳо мақоми дувумро касб карданд. Дастаи Узбакистон барои ҷойи севум бар тими Вйетнам пирӯз шуд.

Надежда Антонова – ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот бахшида ба ҷашни 20-солагии ҷаласаи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии устоди ФИДЕ Надежда Антоноваи душанбегӣ ба анҷом расид. Вай дар 9 бозӣ 7 имтиёз ба даст овард. Мунир Шарифови 12-сола низ 7 имтиёз гирифт, вале аз рӯи нишондиҳандаҳои иловагӣ Антонова мақоми аввалро касб кард. Мунир дувум шуд. Алишер Каримов бо 6,5 имтиёз ҷойи севумро соҳиб гашт.

Ифтитоҳи толори варзишӣ ва майдони яхи сунъӣ дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон толори бузурги варзишӣ ифтитоҳ ёфт. Ин толор аз ҷониби мураббии маъруфи гуштии самбо Усто Устопиров, падари паҳлавони номдори тоҷик Комроншоҳи Устопириён, бунёд ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки собиқадори варзиш Усто Устопиров 20–уми декабри соли 2010 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар ӯҳдадор шуда буд, ки аз ҳисоби худ ва дӯстонаш дар шаҳри Хуҷанд як толори бузурги варзишӣ бунёд мекунад. Ин ваъдаи ӯ амалӣ гардид ва дӯстодорони зиёди варзиш, минҷумла гуштигирон соҳиби толори зебову муҷаҳҳаз шуданд.

Инчунин бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар паҳлӯи маҷмааи варзишии 20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, майдони яхи сунъӣ ифтитоҳ ёфт. Ин майдон бо маблағи дуним миллион сомонӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ замин бунёд ёфтааст. Бару дарозии он 30 ба 40 метр мебошад. Дар ин ҷо барномаи рангини рақси рӯи ях намоиш дода шуд.
XS
SM
MD
LG