Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон хостори муттаҳидии мухолифини Сурия шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, хостори муттаҳидӣ ва тағйироти инфиродӣ дар раҳбарияти мухолифини Сурия шуд. Зимни суханронӣ дар шаҳри Загреб, пойтахти Хорватия, ӯ гуфт, мухолифини ҳукумати Башор Асад бояд аз номи ҳама мардуми Сурия ҳарф зананд ва дар ҳайати раҳбарии он на фақат муҳоҷирони сиёсӣ аз Шӯрои миллӣ, балки онҳое низ бошанд, ки айни ҳол барои озодии Сурия дар дохили кишвар мубориза мебаранд.

Ба гуфтаи хонум Клинтон, мулоқоти байнулмилалӣ оид ба Сурия, ки қарор аст ҳафтаи оянда дар Қатар баргузор шавад, метавонад дар муттаҳидсозии мухолифини Сурия кумак кунад.

Дирӯз дар Порис вазъи Сурияро вазирони умури хориҷии Фаронсаву Русия баррасӣ карданд. Лоран Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса гуфт, ки Порису Маскав дар мавриди сарнавишти раисиҷумҳури Сурия Башор Асад дар ҳукумати давраи гузариш дар мавқеъҳои мухталиф қарор гирифтанд – Русия барои дар мақом боқӣ мондани ӯ пойфишорӣ дорад, Фаронса – истеъфои раҳбари Сурияро шарти асосии таъсиси ҳукумати давраи гузариш мехонад. Ҳамзамон, ба гуфтаи Сергей Лавров, ҷонибҳо бо як овоз эълом доштанд, ки бо дахолати низомии беруна ҳалли қазияи Сурия номумкин аст.
XS
SM
MD
LG