Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди ғарқшавии киштӣ 120 нафар бенишон шуданд


Бар асари ғарқ шудани як киштӣ дар соҳилҳои Бангладеш тақрибан 120 нафар беному нишон шуданд. Ба моҳигирҳои маҳаллӣ муяссар шуд, ки фақат 13 мусофири киштии ғарқшударо наҷот диҳанд. Киштии ғарқшуда бояд мусофиронро ба теплоходе мерасонд, ки ба Малайзия меравад.

Ба иттилои БиБиСи, аксари мусофирон мусалмонҳо, намояндагони мардуми рахиния буданд, ки бар асари задухӯрдҳо миёни мусалмонҳову буддоиҳо аз аёлати Рахин, воқеъ дар ғарби Мянмар, фирор кардаанд. Тайи ҳафтаҳои ахир тақрибан 20 ҳазор нафар ин минтақаро тарк намудаанд.
XS
SM
MD
LG