Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Арабистони саудӣ сӯри арӯсӣ ба мотам табдил шуд


Дар манотиқи шарқии Арабистони саудӣ бар асари оташсӯзӣ дар як сӯри арӯсӣ 25 нафар ба ҳалокат расиданд. Тақрибан 30 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Мақомоти шаҳри Обкаик, ки фоҷиа он ҷо рӯх додааст, гуфтанд, ҷонбохтагон занону кӯдаконанд ва онҳо алоҳида аз мардон нишаста буданд.

Бар пояи иттилои пешакӣ, сӯхтор баъди он рӯй дод, ки чанд тири ба фазо андохтаи соҳибони тӯйхона ба трансформатор бархӯрд ва онро хароб кард.
XS
SM
MD
LG