Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи қурбониёни "Сэнди" ба 63 нафар расид


Теъдоди қурбониёни тӯфони “Сэнди” дар ИМА, бар пояи иттилои ахир, ба 63 нафар расид. Беш аз 20 нафари онҳо дар Ню-Йорк ҷон бохтаанд. Дар аёлатҳои воқеъ дар соҳилҳои шарқии Амрико корҳои барқарорсозӣ идома доранд.

Дар Ню-Йорк зиндагӣ батадриҷ ба маҷрои қаблӣ бармегардад – баъзе муассисаву мағозаҳо дарҳои худро боз карданд. Аммо метрои шаҳр кор намекунад ва ин боиси афзоиши мошинҳо дар хиёбонҳо шудааст. Мири шаҳр Майкл Блумберг амр кард, ки вуруди мошинҳои хусусӣ ба Манҳеттен то рӯзи ҷумъа маҳдуд шавад.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар аёлати Ню-Ҷерсӣ, ки аз тӯфону обхезӣ бештар хисорот дидааст, гуфт, вазифаи асосӣ – таъмини мардум бо нерӯи барқ аст. То ҳол чанд миллион нафар аз барқ маҳруманд. Обама бо осебдидагон аз офати табиӣ мулоқот кард ва ваъда дод, ки ҳукумати федеролӣ ба мақомоти маҳаллӣ дар рафъи паёмадҳои тӯфон кӯмак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG