Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Либия ҳукумати навро тасдиқ кард


Маҷмааи миллии Либия ҳайати ҳукумати нави эътилофиро тасдиқ кард. Ба ҳайати кобинаи вазирон, ки аз сӯи нахуствазир Алӣ Зайдон пешниҳод шуд, ҳам намояндагони ҷомеъаи дунявӣ ва ҳам намояндагони ҳизбҳои либералӣ шомил шудаанд.

Дар канори бинои Маҷмааи миллӣ боз бенизомиҳо рӯй доданд. Полис ба хотири парокандасозии издиҳоми норозӣ аз ҳайати нави ҳукумат сӯи ҳаво тир андохт.

Алӣ Зайдон ҳанӯз рӯзи сешанбе рӯйхати ҳайати ҳукумати навро ба вакилони парлумон ироа карда буд ва аммо баъди ба толор ворид шудани намоишгарони норозӣ раъйдиҳӣ мавқуф гузошта шуд. Гуфта мешавад, бахши аъзами эътирозгарон мусаллаҳони гурӯҳҳое мебошанд, ки алайҳи режими раҳбари пешини Либия Муаммар Қаззофӣ ҷангидаанд.
XS
SM
MD
LG