Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама паёмадҳои тӯфонро меомӯзад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, рӯзи чаҳоршанбе барои назорати рафъи паёмадҳои тӯфони “Сэнди” ба аёлати Ню-Ҷерсӣ рафт. Бар пояи хабарҳо, аз тӯфон аёлатҳои Ню-Йорк ва Ню-Ҷерсӣ бештар хисорот дидаанд.

Бар асари офати табиӣ Обама маҷбур шудааст, ки маъракаи пешазинтихоботии худро канор гузорад. Интихоботи президентии ИМА рӯзи 6 ноябр баргузор мешавад.

Дар Ню-Йорк баъд аз тӯфон фурудгоҳҳои ба номи Ҷон Кеннеди ва «Ньюарк Либерти» ба кор оғоз карданд. Фурудгоҳи асосии шаҳр - «Ла-Гуардиа» ҳанӯз ҳам баста аст. Метрои Ню-Йорк ҳам, ки зери об мондааст, кор намекунад. Дирӯз мири шаҳр Майкл Блумберг гуфта буд, ки рафъи паёмадҳои “Сэнди” дар метро чаҳор-панҷ рӯзро дарбар гирад.

Бар асари тӯфон ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар шимолу шарқи ИМА, Канада ва дигар кишварҳо беш аз 18 ҳазор парвозро лағв карданд. Мутахассисон мегӯянд, ки барои ба режими пешини кор ворид шудани фурудгоҳҳо боз чанд рӯзи дигар зарур аст.
XS
SM
MD
LG