Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Фаронса аз таҳримоти бештар алайҳи Эрон


Ҳолланд ва Нетаняҳу

Ҳолланд ва Нетаняҳу

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд хостори таҳримоти сангинтар алайҳи Эрон шуд. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, ки имрӯз вориди Порис шуд, гуфта буд, ки аз сарони Фаронса барои ташдиди таҳримоти зидди барномаҳои ҳастаии Эрон кумак хоҳад хост. Ин нахустин дидори Нетаняҳу бо Ҳолланд аст, ки 5 моҳ пеш ба қудрат расид. Исроил ва кишварҳои Ғарб мегӯянд, ки Эрон дар пайи сохтани бомби ҳастаист. Теҳрон инро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG