Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Посухи шаҳрдории Душанбе ба Муҳиддин Кабирӣ


Бинои идораи шаҳрдории Душанбе.

Бинои идораи шаҳрдории Душанбе.

Шаҳрдории Душанбе ба матлаби Муҳиддин Кабирӣ, ки 12 октябри соли 2012 дар сомонаи интернетии Тоҷнюс бо номи «10 сол пас Душанбе «урён» мешавад», интишор шудааст, таҳти унвони «Душанбе ҳамарўза бештар сабзу хуррам ва гулпўш мегардад!» бо имзои Н. Хайруллоев, муовини авали раиси ҳукумати шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ низ посух фиристод.

Мўҳтарам вакил, ҳар касе Душанбеи имрўзаро медонад, агар нигаронии Шуморо, ки бо номи «10 сол пас Душанбе «урён» мешавад» аз минбари мўътабари парлумон шояд бо тақозои «популизм»-и хосаатон изҳор намудеду баъд тавассути сомонаи Тоҷнюс 12.10.2012. мунташир гаштаанд, хонад ё шунавад, ангушти ҳайрат газида ба андеша меравад, зеро бо таассуфу дилсўзӣ гуфтаеду савол гузоштаед, ки: «Гулгаштҳо ва дарахтон ҳар сол дар Душанбе бурида мешаванд. аммо касе дар бораи пайомади он ва вазъи экологии шаҳр фикр кардааст?»

Ин гуфтаатон моро ҳам нигарон кард ва ҳайрон шудем, ки ин маълумоти комилан ботилро аз кадом сарчашма дастрас кардаед? Ё барои вонамуди хеш ба сифати як «дилсўзу ғамхор» дар назди мардум ҳарф задаед ? Дурўғ торикии имон аст, мегўянд ва бовар дорем, ки ба маънои он хуб сарфаҳм меравед. Ба маълумотатон мерасонем, ки шаҳрдорӣ ҳамеша дар андешаи ободии пойтахт буда, давоми чанд соли охир тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҷиддан ба ободию кабудизоркунии он камар бастааст.Қарори Раиси шаҳри Душанбе №583 аз 9 октябри соли 2007 «Дар бораи Барномаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе барои солҳои 2007-2010» ва Консепсияи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳр, ки то соли 2012 тамдид карда шуд, ба ҳамин мақсадҳост. Шояд, ана ҳамин вусъати баланд, ҷўшу хурўши ободонию созандагӣ, аз нигоҳи Шумо вайронкорию харобкорӣ намоянд ва аз пайомади он, аз вазъи экологии он ба ташвиш омада бошед.

Мўҳтарам вакил, боз ба гуфтаи худатон аз он дар ташвишу таассуф ҳастед, ки «Солона дар шаҳри Душанбе даҳҳо дарахтон канда мешавад, аммо мақомот садо баланд намекунад …Оё атмосфера вайрон намешавад?»
Ба маълумотатон мерасонем, ки ягон дарахт, ягон гулгашт бе иҷозати мақомот на канда мешаваду на вайрон. Дақиқ донистан хоҳед, ба сохтори дахлдори мақомот муроҷиат намоед.

Ба таваҷҷўҳи Шумо ва онҳое, ки аз иттилоатон дар шубҳаву ҳайрат мондаанд, мерасонем, ки танҳо бо мақсади ободонию созандагӣ ва амалисозии Нақшаи генералии шаҳри Душанбе (на он ғаразҳое, ки гумонбаред) соли 2011 аз шумораи умумии муроҷиатҳо барои бартараф намудани 2123 дарахт ҳамагӣ дар шаҳр 1018 дарахт ва соли равон бошад, аз шумораи умумии муроҷиатҳо барои бартараф намудани 3250 дарахт ҳамагӣ 2602 адад дарахт бурида шудааст, ки ба ин миқдор ҳам дарахтони солхўрдаи аз офатҳои табиӣ осебдида ва ҳам дарахтони ба татбиқи Нақшаи генералию ободонии шаҳр монеашуда маҳсубанд. Мавриди зикр медонем, ки миқдори дарахтони аз рўи зарурият бартарафшуда 0.1(сифру аз сад як) ҳиссаи миқдори умумии дарахтонро ҳам ташкил намедиҳад.
Бо ин ақли кўдак ҳам мерасад, ки роҳу пайроҳа, манзилу иншоот дар фазо ё болои дарахту деворҳо сохтаю бунёд намешаванд! Ҳамаро замин мебардорад ва Шумо ҳаргиз мутаассифу нигарон набошед, ки ба ҷойи 3620 дарахти давоми ду соли охир (2011-2012) бартарафшуда то ба имрўз (октябри соли 2012 ) дар шаҳри Душанбе дар маҷмўъ 68488 ниҳол, дар майдони 63701 м2 гулҳои бисёрсола, дар майдони 61240м2 чаманзор кишт кардаю шинонда шудаанд. Мавриди зикр аст, ки барои зебову гулпўш кардани пойтахт баҳори ҳамин сол аз Ҷумҳурии Исломии Эрон 4230 бех гулу буттаҳо оварда, дар Боғи Устод Рўдакӣ ва атрофи хиёбони Рўдакӣ шинонда, аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад , 350 ниҳоли калону миёнаҳаҷми саквойя барои зебову сабзпўш гардондани Маҷмааи Ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон бо пайкараи Исмоили Сомонӣ аз Белгия ройгон оварда шинонида шуд. Магар нигоҳи айбҷўи Шумо ин ободию сабзкориҳо , нашъунамо ва нумўи ин ниҳолу гулу чаманзорҳоро намебинанд?! Ё ки чашм пўшида дидан намехоҳед? Бовар дорем, ки Шумо не, агар як инсони холис, бекинаву ғараз, одилу ҳақбин ба манзараҳои гуногуни навобод, аз қабили Наврўзгоҳи пойтахт, нишебиҳои хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, майдонҳои Парчаму Нишон ва даҳҳо дигар навгониҳо, ки бо азму талошҳои созандаю бунёдкоронаи шаҳрдорӣ ва аҳли ҷомеаи пойтахт бунёд гаштаанд, бо чашми ҳақиқату адолатбин нигарад, ба ақидаи Шумо ки «баъди 10 сол як Душанбеи «урён», бидуни гулгашту ҷойи сайру гаштро мерос ҳоҳем монд» гуфтаед, хати батлон кашида, бо ифтихору боварӣ мегўяд: «Дурўғи маҳз , тўҳмати бармало! Имрўзу баъди 10 сол ҳам барои насли оянда як Душанбеи гулпўшу сабзпўш бо гулгашту хиёбонҳо ва боғу бўстонҳои бешумору беназир мерос хоҳад монд!».

Вакили мўхтарам, Муҳиддин Кабирӣ, мо аз суханҳои бебунёду тўҳматомезатон, ки ақли солим ҳеҷ қабул надорад,дар ҳайратем. Ба маълумотатон мерасонем, ки ҳифзи муҳити зист дар қаламрави шаҳри Душанбе қатъиян тибқи қонунгузории ҷорӣ буда, аз рўи санҷишҳои прокурорӣ танҳо давоми соли ҷорӣ нисбати 8 нафар парвандаи ҷиноятӣ ва нисбати 37 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, нисбати 7 қарори ғайриқонунӣ қабулкардаи шахсони мансабдор эътироз оварда шудааст. Барои мисол, то фаҳмеду боваратон ояд, шаҳрванд Убайдов З.Б. бе гирифтани иҷозати Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе худсарона ду дарахти сабзро (дар кўчаи Б.Ғафуров, бинои 64/4) буридааст. Мувофиқи хулосаи Раёсати номбурда аз 4 сентябри соли 2012 зарари расонда 1400 сомониро ташкил мекунад. Аз рўи амали мазкур нисбати Убайдов З.Б. 17 сентябри соли 2012 прокуратураи ноҳияи Сино бо моддаи 234, қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, айни ҳол мавриди тафтишоти мақомоти марбута қарор дорад. Ё ин ки нисбати шаҳрванд Имомов А.Ф. сокини кўчаи Ғанӣ Абдулло , хонаи №97 барои худсарона як дарахти чинорро буриданаш, ки зарар 1800 сомониро ташкил медиҳад, аз тарафи прокуратураи ноҳияи И.Сомонӣ 16 апрели соли равон бо моддаи 234, қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо ҳукми суди ноҳияи мазкур нисбати номбурда 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима татбиқ карда шудааст. Акнун бовар кардед, ки ҳар як дарахт, гулу бутта ва сабзаву себарга дар шаҳр ҳомӣ, нигаҳбон, дилсўзу ғамхор доранд!?

Муҳиддин Кабирӣ, хайрият инсофатон боло гирифтаву иқрор шудаед, ки «паркҳоро месозем», вале боз ба дурўгу тўҳмат гузашта «панҷарапеч мекунем ва бояд бо пардохти пул вориди он шавед. Ин чӣ гап аст?» гўён мардумро ба ҳайрат мемонед.Як сухани рост, ки гуфтед, ба ростӣ нуқта гузоред, охир! Дурўгу тўҳмат ҳам ҳадду андоза доштагист. Магар боғи Устод Рўдакӣ дар ҷойи собиқ боғи ба номи Ленин ва қароргоҳи қўшунҳои Федератсия Россия, ки дар масоҳати 15 гектар бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони зебу зинатбахш аз нав бунёд шуда, дар хизмати умум қарор дорад, панҷарапеч асту вориди он шудан бо пардохти пул?! Ё боғҳои ба номи устод Айнӣ , «Дўстии халқҳо» ва «Кўли ҷавонон». Не! Дару дарвозаҳои онҳо ҳамеша ба рўи шаҳриёну меҳмонон ройгон кушодаанд. Агар «Боғи ҳайвонот »-у «Боғи пойтахт »-ро дар назар дошта бошед, хотиррасон мекунем, ки ҳамааш дар доираи талаботи қонун аст ва ҳатто дар давлатҳои мутараққии дунё ҳам воридшавӣ ба чунин муассисаҳо бо ифодаи Шумо «бо пардохти пул» аст.

Вакили мўҳтарам Муҳиддин Кабирӣ, ба «изҳори нигаронӣ»-и Шумо, ки нисбати ҳолати имрўзаи шаҳри Душанбе ва шаҳрдорӣ беасос, бебунёд ва аз ҳақиқати воқеӣ комилан дур интишор ёфтаанд, ҷумла ба ҷумла, мухтасаран ҷавоб гардонда, дар доираи муқаррароти қонун талаб дорем, ки тавассути расона узр ё бахшиш мепурсед. Дар акси ҳол, мо омодаем, ки барои тўҳмату бўҳтонатон нисбат ба ҳолати шаҳру фаъолияти шаҳрдорӣ бо ваҷҳу далелҳои асоснок ба мақомоти судӣ муроҷиат намоем.

Дар охир хотиррасон мекунем, ки агар минбаъд таваҷҷўҳатон ба масоили шаҳру шаҳрдорӣ бедор шавад, ба ҷойи дурўғу бўҳтон паҳн намудан ба мақомоти марбутаи шаҳри Душанбе муроҷиат намоед. Сохторҳои шаҳр омодаанд, ки барои вакилони халқ оид ба ҳар масъала маълумоти дақиқ ва дуруст пешниҳод намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG