Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин аз гуфтугӯи мустақим бо мардум даст кашид


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин эълон кард, ки имсол гуфтугӯи мустақими солонааш бо ҷомиаро доир намекунад. Рӯзномаи “Коммерсант” аз қавли сухангӯи Путин Дмитрий Песков хабар дод, ки ин гуфтугӯ имсол баргузор намешавад. Интизор меравад, Путин ба ҷои он дар поёни моҳи ноябр як нишасти густардаи хабарӣ барпо кунад. Аз соли 2001 ба ин сӯ, бори аввал аст, ки Путин аз ин сӯҳбатҳои чандсоата бо ҷомиа даст мекашад, вале далели ин тасмимаш гуфта намешавад.
XS
SM
MD
LG