Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми шаҳрдори собиқи Жанаозен бетағйир боқӣ монд


Орақ Сарбопеев

Додгоҳи вилоятии Қазоқистон 10 сол ҳукми зиндони шаҳрдори собиқи Жанаозенро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Орақ Сарбопеев дар моҳи сентябр ба сӯъиистифода аз мақом муҷрим шинохта шуд. Мурофиаи ӯ дар пайи даргириҳои хунини моҳи декабр байни коргарони нафткаш ва нирӯҳои пулис дар Жанаозен ва кушта шудани 16 тазоҳургар аз тири пулис сурат гирифт.
Жалгас Бобохонов, ки қабл аз Сарбопеев ҳокими Жанаозен буд, низ бо ҷурми сирқати пулҳои ширкати нафт ба 2 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар моҳи июн 13 тан аз ширкаткунандагони ошӯбҳои Жанаозен низ аз 3 то 7 сол ҳукми зиндон гирифтанд.
XS
SM
MD
LG