Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон истиқлоли Косоворо "бебаҳс" номид


Ҳилларӣ Клинтон дар Приштина
Ҳилларӣ Клинтон дар Приштина
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, истиқлоли Косово «ҷои баҳс надорад.» Клинтон имрӯз дар Приштина дар пайи мулоқот бо сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ дар нишасти муштараки хабариаш бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон сӯҳбат мекард. Истиқлоли 4 сол пеш эълоншудаи Косоворо беш аз 90 кишвар, аз ҷумла Амрико ва 22 узви ИА, ба расмият шинохтаанд, вале Сербистон истиқлоли Приштинаро радд мекунад. Клинтон ва Эштон зимни ин сафар ба Балкан мехоҳанд Сербистон ва Косоворо ба муколама бо миёнҷигии ИА ташвиқ кунанд. Клинтон дирӯз дар Белград аз сарони Сербистон даъват кард, ки равобитро бо Косово хуб кунанд. Эштон низ имрӯз гуфт, гуфтугӯ байни Белград ва Приштина ба хотири «беҳтар кардани зиндагист.»
XS
SM
MD
LG