Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Тибқи шумориши 98 дарсади оро, дар интихоботи парлумони Украина ҳизби ҳокими минтақаҳо бо 30 дарсад пешсаф аст. Ҳизби раисиҷумҳур Виктор Янукович дастикам 188 курсӣ аз 450 курсии Верховний Радаро ба даст оварда, дигар метавонад бо муттаҳидинаш 226 курсии лозим барои касби аксарият дар парлумонро ҷамъ кунад. Аъзои ҳизби мухолифи Баткившинаи Юлия Тимошенкои зиндонӣ мақомотро ба тақаллуби рӯйхатҳо дар даҳҳо ҳавза айбдор мекунанд. Ин ҳизб, ки 104 курсии парлумонро ба даст овард, аз вакилони дигари мухолиф даъват кард, то парлумони ҷадидро бойкот кунанд. Сарвазири Украина Микола Азаров интихоботи рӯзи 28 октябрро «одилона» хонд, вале нозирони ғарбӣ ин маъракаро «пасрафт»-и Украина аз роҳи демократия баҳо додаанд.
XS
SM
MD
LG