Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай Раҳимиро ба пирӯзӣ дар бокс табрик гуфт


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай муштзани олмонии афғонитабор Ҳамид Раҳимӣ ва тамоми мардуми афғонро барои пирӯзӣ дар нахустин бозии байналмилалии бокс, ки дар 30 соли охир дар Афғонистон доир шуд, табрик гуфт. Раҳимии 29-сола шаби сешанбе дар Кобул бар рақибаш аз Танзания Саид Мбелва ғолиб омад ва қаҳрамони ҷаҳон дар вазни миёна дар чорчӯби Созмони ҷаҳонии бокс (WBO) эълон шуд. Ин набард, ки “ҷанг барои сулҳ” ном дошт, дар хаймаи бузурге дар Кобул, ки маъмулан барои ҳамоишҳои миллӣ истифода мешуд, доир шуд. Раҳимӣ баъди ин набард гуфт, дар ин сабқат нафақат ӯ, балки тамоми мардуми Афғонистон баранда буд. Ҳамид Раҳимӣ соли 1992, вақте ҳамагӣ 9 сол дошт, ҳамроҳ бо хонаводааш аз Афғонистон ҷангзада ба Олмон ҳиҷрат кард ва дар онҷо ба воя расид.
XS
SM
MD
LG