Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат тарҳи будҷаи соли 2013-ро тасвиб кард


Имрӯз дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон тарҳи будҷаи соли 2013 тасвиб шуд. Ҳаҷми будҷа барои соли оянда 12,1 миллиард сомониро ташкил хоҳад дод, ки назар ба соли равон 2 миллиард сомонӣ бештар аст. Тибқи дурнамо, ин нишондод дар соли 2014 ба 14 миллиард ва дар соли 2015 бояд ба 15,1 миллиард сомонӣ бирасад. Ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли оянда 42,1 миллиард сомонӣ, суръати рушди иқтисод – 7,4 дарсад ва мизони таваррум 9 дарсад пешбинӣ шудааст. Тарҳи будҷа бояд акнун барои баррасӣ ба ҳарду маҷлиси парлумони Тоҷикистон ирсол шавад.
XS
SM
MD
LG