Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистони бегазу бебарқ ва Қундузи чароғон


Тоҷикистон ҳар сол дар мавсими сармо барои шаш то ҳафт моҳ дучори буҳрони шадиди барқ мешавад.

Лимити барқ бахусус дар поёни зимистон ва оғози баҳор ба нуқтаи авҷаш расида, ҳолатҳое мешавад, ки мардум бахусус дар рустоҳо дар рӯз ҳамагӣ 1 ё 2 соат барқ мегиранду тамом. Интиқоли газ ба мардум ҳам дар пайи коҳиш ёфтани воридоташ аз Узбакистон ба як хобу хайёл табдил ёфта, он 200 миллион метри мукааб газе, ки ҳоло солона аз Узбакистон мерасад, низ асосан барои таъмини тавлидоти корхонаҳои бузурге, чун ТАЛКО ва корхонаи сементи Душанбе масраф мешавад.

Дар Тоҷикистон мардум ва мақомот дар чунин шароит маъмулан ангушт ба сӯи Узбакистон мекунанд, ки аз шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ хориҷ шуду содироти газро ҳам ба Тоҷикистон коҳиш дод ва ба ин далел, манбаи ҳама мушкилоти энержии Тоҷикистон ҳамин кишвари ҳамсояаш аст.

Аммо маълум мешавад, худи Узбакистон низ дар амри таъмини мардумаш бо барқу газ дучори мушкил будааст. Аз як сӯ, аҳолии Узбакистон дар ду даҳаи ахир қариб 2 маротиба афзуд ва ба 30 миллион наздик шудааст. Ва ин дар ҳолест, ки дар ин муддат дар кишвар ягон нирӯгоҳи наву хатҳои ҷадиди интиқоли барқ сохта нашуд ва тақрибан ягон кони нави бузурги газ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор нагирифт.

Иллати дигар қарордодҳои Тошканд бо «Газпром»-и Русия ва Чин аст, ки қарордодҳои байналмилалист ва бояд иҷро шаванд. Вале Тошканд, ки имконоти тавлидотии риштаи газаш тақрибан дар ҳамон сатҳи поёни даврони Шӯравист, бо
Садриддин Ашур
Садриддин Ашур
вуҷуди 70 миллиард метри мукааб тавлидоти солонаи газ ҳоло маҷбур шудааст, ин қарордодҳоро аз ҳисоби мардум ва корхонаҳои маҳаллӣ пур кунад. Ин аст, ки ҳукумати Узбакистон интиқоли газ ба мардумро сахт маҳдуд карда, аз корхонаҳои маҳаллӣ боисрор талаб дорад, ки тавлидоти худро аз газ ба ангишт гузаронанд. Айни талабе, ки давлати Тоҷикистон аз корхонаҳои маҳаллӣ мекунад.

Садриддини Ашӯр, шореҳи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳамин тавр, дар фасли сармо бархе манотиқи Узбакистон рӯзҳову ҳафтаҳо рӯи барқу газро намебинанд ва ҳукумати Узбакистон ҳам мисли ҳукумати Тоҷикистон аз мардум хостааст, ки худ барои зимистон тайёрӣ бинад ва ангишту ҳезумашро захира кунад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00
Линки мустақим


Қирғизистон, ки мисли Тоҷикистон аз кишварҳои болооби Осиёи Марказист ва низ бо кишварҳои поёноб барои сохтани нирӯгоҳҳои бузургаш «меҷангад», дар масъалаи таъмини мардумаш бо газу барқ вазъи нисбат ба Тоҷикистон хеле беҳтар доштааст. Дар ин кишвар то ҳол ягон лимити барқ ҷорӣ нашудааст. Вазири энержии Қирғизистон Автандил Калмагамбетов чанде пеш гуфт, дар сурати пеш омадани мушкилот дар фасли сармо, шояд аз усули «веерное отключение», яъне порча-порча ва бо навбат маҳдуд кардани интиқоли барқ ба ин ё он минтақа кор бигиранд, вале ба сурати умум, ҷорӣ кардани кадом лимити собитеро дар назар надоранд. Ин лимити «бонавбат» ҳам одатан қатъи интиқоли газ аз 12-и шаб то субҳро дар бар мегирад.

Қирғизистон низ солона аз Узбакистон ҳудуди 200 миллион метри мукааб газ мегирад, вале ба фарқ аз мо, ин газро асосан барои таъмини аҳолиаш масраф
мекунад. Ҳамкорони мо аз бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯянд, рӯзҳое ҳаст, ки воридоти газ аз Узбакистон мутаваққиф мешавад ва мардум бегаз мемонад, вале ин танҳо чанд рӯзи алоҳида аст ва дар аксарияти тӯли сол газ ба аҳолӣ ва корхонаҳо муназзам расонда мешавад.

Ҳамсояи дигари мо –Афғонистон – манотиқи шимолашро асосан аз ҳисоби барқи Тоҷикистон таъмин мекунад. Ин нукта дар рӯзҳои бебарқии зимистон ҳамеша мояи ҳадсу гумонҳое мешуд, ки мардуми Тоҷикистон худ барқ надораду давлат барқро ба он сӯи Омӯ мефурӯшад. «Барқи Тоҷик» ахиран хабар дод, ки содироти барқ ба Афғонистонро алакай бас кардааст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00
Линки мустақим


Вале дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундуз то ҳол лимити барқ ҷорӣ нашудааст ва мардум шабонарӯзӣ барқ доштаанд. Нурмуҳаммади Нур, хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Қундуз мегӯяд, ҳатто дар фасли зимистон мардуми Қундуз дастикам 12 соат дар шабонарӯз барқ доранд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки лимити барқ дар Тоҷикистон дар авҷи фасли сармо маъмулан то ҳадди 2 то 3 соат дар шабонарӯз мерасад.
XS
SM
MD
LG