Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сокини Зафаробод аз консерви заҳролуд


Истеъмоли консерви заҳролуди дастисохт боиси ҳалокати як сокини Зафаробод шуда, 26 тани дигар дар ҳолати вазнину миёна бистарӣ шудаанд. Пулиси вилояти Суғд мегӯяд, ин афрод рӯзи 28 октябр дар маъракаи «худоӣ», ки сокини шаҳраки Меҳнатобод Шакаралӣ Нозиров доир карда буд, аз истеъмоли консерви помидору бодиринг заҳролуд шудаанд. Мастура Озироваи 31- сола, хоҳари соҳиби маърака дар беморхонаи марказии Зафаробод ҷон дода, 7 нафари дигар, аз ҷумла худи Шакаралӣ Нозиров дар шӯъбаи эҳё ва 19 нафари дигар дар шӯъбаи вогиршиносӣ бистарӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG