Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Консерва" як нафарро кушт ва 26 танро заҳролуд кард


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Бар асари заҳролудшавӣ аз истеъмоли консерваи дастисохт, як нафар дар ноҳияи Зафаробод ҷони худро аз даст додаст.

Мақомот мегӯянд, гуруҳи сокинони ноҳияи Зафаробод аз истеъмоли консерваи дастисохти помидору бодиринг заҳролуд гашта, яке фавтидааст ва 26 нафари дигар дар ҳолати вазнин ва миёна дар бемористони марказии ин маҳал бистарӣ шудаанд.

Насиб Икромов, муовини сардори Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии Суғд дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аҳволи заҳролудшудагонро бехатар арзёбӣ кард: “Ҳозир ба 7 нафар дар шӯъбаи эҳё ва 19 нафар дар шӯъбаи вогиршиносӣ зардоби зидди заҳролудӣ гузаронида шуд. Вазъи сиҳатии онҳо миёна, умедворем, шифо меёбанд. ”

Бино ба хабари Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ин афрод рӯзи 28-уми октябр дар маъракаи «худоӣ»-и сокини шаҳраки Меҳнатобод Шакаралӣ Нозиров ба хотири гиромидошти волидонаш, аз истеъмоли консерви помидору бодиринг заҳролуд шудаанд. Дар ин маърака ҳудуди 50-60 нафар иштирок доштанд.

Ба қавли ин манбаъ, Мастура Зоироваи 31-сола, хоҳари соҳиби маърака дар беморхонаи марказии Зафаробод ҷон дода, 7 нафари дигар, аз ҷумла худи Шакаралӣ Нозиров дар шӯъбаи эҳё ва 19 нафари дигар дар шӯъбаи вогиршиносӣ бистарӣ мебошанд.

Ба гуфтаи масъулони Маркази беҳдоштӣ ва вогиршиносии вилояти Суғд, ин гуна ҳодисаҳои заҳролушавии одамон одатан дар фасли гармо иттифоқ меафтад ва бори аввал дар соли равон гурӯҳи афрод заҳролуд шудаву яке ҳам ҷон додааст.
XS
SM
MD
LG