Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Вестервелле ба эҳёи музокирот бо Туркия


Гвидо Вестервелле
Гвидо Вестервелле
Вазири хориҷаи Олмон Гвидо Вестервелле хостори азсаргирии музокироти мутаваққифшуда пиромуни узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо шуд. Вестервелле дар расми ифтитоҳи сафоратхонаи нави Туркия дар Берлин гуфт, умедвори «оғози нав»-и ин гуфтугӯҳо дар соли оянда аст. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғолн, ки низ дар ин маросим ширкат дошт, имрӯз бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел мулоқот хоҳад кард. Меркел ва ҳизби демократҳои масеҳии ӯ мухолифи узвияти комили Туркия дар ИА-янд, вале Вестервелле аз ин азми Анкара ҳимоят мекунад. Музокироти ИА бо Туркия расман соли 2005 оғоз ёфт, вале ба иллати мухолифати кишварҳои калидие, чун Олмону Фаронса, ва идомаи баҳси Туркия бо Юнон бар сари Қибрис пешрафти чандоне наовард.
XS
SM
MD
LG