Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни "Сендӣ" ба 45 нафар расид


Сокинони бебарқи Ню-Йорк
Сокинони бебарқи Ню-Йорк
Шумори қурбониёни тӯфони «Сендӣ» танҳо дар Амрико ба дастикам 45 нафар расид. Ҳудуди 8 миллион нафар аз нирӯи барқ маҳрум шудаанд. Дастикам 8 нафар дар шаҳри Ню-Йорк ҷон бохтаанд. Метрои Ню-Йорк ва аксари фурудгоҳҳову роҳҳо, хатҳои роҳи оҳан ва бандарҳо дар манотиқи офатзада аз кор мондаанд. Мақомот мегӯянд, интизор меравад, биржаи Ню-Йорк ва фурудгоҳи Ҷон Кеннедӣ имрӯз, баъди 2 рӯзи таътил, дубора боз шаванд. Қарор аст, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки корзори пешазинтихоботиашро мутаваққиф кард, имрӯз аз сокинони офатзада дар Ню-Ҷерсӣ аёдат кунад.
XS
SM
MD
LG