Пайвандҳои дастрасӣ

"Облава"-и донишҷуён дар Кӯлоб


Манучеҳр Сафарзода, муовини Декани факултаи филология ва журналистикаи донигоҳи шаҳри Кулоб рӯзи чоршанбе ба «Озодӣ гуфт, ки ходимони комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб донишҷӯи курси чаҳоруми факултаи филология ва журналистикаи Донишгоҳро дар кӯча дастгир карда ба бинои кумисириати ҳарбӣ бурдаанд. Манучеҳр Сафарзода меафзояд, ки сарфи назар аз ин, ки донишҷӯ Мадалӣ Назиров шаҳодатномаи студентии худро нишон медиҳад, аммо онҳо ба зӯрӣ ӯро дар мошин савор карда ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд. Танҳо пас аз мусоидати маъмурияти Донишгоҳ, Мадалӣ Назиров раҳо мешавад. Ба қавли Манучеҳр Сафарзода, дар рӯзҳое, ки маъракаи даъват ба сафи артиш идома дорад, донишҷӯён оромӣ надоранд ва наметавонанд озодона ба кӯчаҳо бароянд. Дар ҳоли ҳозир тибқи фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҷавонон ба сафи артиш идома дорад. Тибқи ин фармон, дар муддати моҳҳои октябр-ноябри соли 2012 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват карда мешаванд.
XS
SM
MD
LG