Пайвандҳои дастрасӣ

Дипломатия ва фишор--сиёсати Ғарб дар баробари Эрон


Ҳиллари Клинтон ва Катрин Аштон.

Ҳиллари Клинтон ва Катрин Аштон.

Амрико ва ИА то расидан ба натиҷа дар мавриди муноқишаи ҳастаии Эрон, ба сиёсати «дипломатия ва фишор», идома хоҳанд дод.

Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, ки ба Босния сафар кардааст, ҳамроҳ бо Катрин Аштон, ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо рӯзи сешанбе дар як нишасти хабарӣ ба сиёсати муштараки худ дар баробари Эрон таъкид кардаанд.

Ба гузориши Асошиэйтед Пресс, Катрин Аштон, ки гуруҳи панҷ ба иловаи якро намояндагӣ мекунад, дар ин нишасти хабарӣ гуфт: «Мо ҳамчунон талош хоҳем кард роҳе биёбем то гуфтугӯҳоро пеш бибарем.»

Катрин Аштон дар ин конфронси хабарӣ ба тамоси муовинаш бо Алӣ Боқирӣ, муовини дабири Шӯрои олии амнияти Эрон ишора кард ва гуфт, ки худи ӯ низ дар ояндаи наздик бо Саид Ҷалилӣ тамос хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико низ паёми Амрико барои Эронро рӯшан донист ва гуфт: «Барои рафъи нигарониҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи барномаи ҳастаиятон, аз роҳи дипломатӣ ва ҳамчунин берун омадани аз инзиво, ин равзана ҳамчунон боз аст. Аммо ин равзана наметавонад ба таври номаҳдуд боз бимонад».

Вазири умури хориҷии Амрико афзуд:«Аз ин рӯ мо умедворем, ки гуфтугӯҳои ҷиддӣ ва бо ҳусни ният битавонад ба зудӣ оғоз шавад.»

Охирин даври музокироти Эрон ва гуруҳи панҷ ба иловаи як, дар январи имсол дар Маскав баргузор шуд, ки натиҷаи назаррасе надошт. Аз он ҳангом то кунун Саид Ҷалилӣ ва Катрин Аштон як бор дар Туркия дидор кардан ва Иттиҳодияи Аврупо ҳам ҳалқаи таҳримҳои худро алайҳи Эрон тангтар кардааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG