Пайвандҳои дастрасӣ

Барак: Эрон сохтани силоҳи ҳастаиро мутаваққиф кард


Эҳуд Барак

Эҳуд Барак

Эҳуд Барак, вазири дифои Исроил мегӯяд, Эрон аз хавфи ҷанг тасмим гирифтааст, ки сохтани силоҳи ҳастаиро мутаваққиф кунад.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори нашрияи Daily Telegraph, чопи Лондон, Эҳуд Барак хабар дод, ки бар пояи иттилои зери дасти ӯ, тобистони соли равон Эрон сеяки урани ғанисохтаи худро дар чаҳорчӯби барномаи рушди осоиштаи энерҷии ҳастаӣ сарф кардааст.

Ба гуфтаи Эҳуд Барак, ин амал мӯҳлати сохтани силоҳи ҳастаӣ аз сӯи Теҳронро ба 8-10 моҳ ақиб андохт. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи вазири дифои Исроил, шояд тобистони оянда баҳс атрофи барномаи ҳастаии Эрон дубора гарм шавад.

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки онҳо нияти сохтани силоҳи ҳастаиро надоранд ва барномаи ҳастаияшон фақат аҳдофи осоишта дорад.
XS
SM
MD
LG