Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони вазъи "офати бузург" дар Ню-Йорку Ню-Ҷерсӣ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар пайи асобати тӯфони шадиди «Сендӣ» ба соҳилҳои шарқии Амрико дар аёлатҳои Ню-Ҷерсӣ ва Ню-Йорк вазъи «офати бузург» эълон кард. Ин тадбир маблағҳои федеролиро ба сокинони манотиқи офатзада дастрас мегардонад. «Сендӣ» бузургтарин тӯфони бархоста аз уқёнуси Атлантик аст, ки ба Амрико асобат мекунад.
Бино ба хабарҳо, бар асари ин тӯфон дар Амрикову Канада дастикам 16 нафар ҷон бохта, бодҳои шадид беш аз 6 миллион нафарро аз нирӯи барқ маҳрум сохт. Дар Ню-Йорк сел ба метрову нақбҳои нақлиётӣ сарозер шуда, нирӯгоҳҳои ҳастаиро ба далоили амниятӣ аз кор боздоштаанд.
XS
SM
MD
LG