Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйиноти нави кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Имрӯз бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Мирзоаҳмад Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуд. Раиси қаблии Мастчоҳ Абдукарим Ҳикматов ба мақоми мудири корхонаи «Востокредмет» рафт. Абдураҳим Хуҷамқулов раиси радио, Самариддин Гадоев раҳбари шабакаи аввали телевизиони давлатӣ ва Саид Сиддиқов ба ҷои Ҳабибуллоҳ Нозирӣ муовини аввали раиси кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон таъйин шуданд. Шаҳло Насриддинова ба ҷои Ҳуриннисо Ализода сардабири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» ва хонум Ализода муовини раиси Китобхонаи миллӣ шуданд.
Бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, сардабирони нашрияҳои расмии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овозӣ»-ро ҳам иваз кардаанд.
XS
SM
MD
LG