Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳудудан 50 шаҳрванди Тоҷикистон дар як манзил зиндагӣ мекарданд


Дар ноҳияи Митишинои Подмосковйе ҳудудан 50 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми нақзи муқаррароти буду бош боздошт шуданд. Дар Хадамоти федеролии муҳоҷират ба хабарнигори ИНТЕРФАКС гуфтаанд, ки дар натиҷаи як санҷиш дар деҳаи Челобитевои ноҳияи Митишино дар як манзил 47 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд. Ба қавли ходимони ин сохтор, ва ҳам додситониву полис, ин афрод ба таври ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ба сар бурдаанд. Инчунин, соҳиби манзил, ки ба ин афрод дар хонааш иҷозаи иқомат додааст, аз рӯи моддаи 322 Кодекси ҷиноии Русия барои “ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ” ба ҷавобгарӣ ҷалб мешавад.
XS
SM
MD
LG