Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кодекси зиддунақизи "ахлоқи журналистӣ"


Вазорати фарҳанги Қазоқистон бо тавсияи раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев кодекси зиддунақизи “ахлоқи журналистӣ”-ро ҷорӣ кардааст. Ин тасмим имрӯз дар Остона дар нишасти муштараки Иттиҳоди журналистон ва Маҳфили сардабирон эълон шуд. Мақомот кодексро “як василаи худро идора кардани журналист ва меъёрҳои ахлоқии хабарнигор” ба қалам дода, мегӯянд, нақзи меъёрҳояш таъқиби ҷиноиеро дар пай нахоҳад дошт. Аммо хабарнигорони мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқ кодекси ахлоқи журналистиро як воситаи нави назорати расонаҳо тавассути худсонсурӣ хонда, маҳкум мекунанд.
XS
SM
MD
LG