Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи интихоботи Афғонистонро ифшо карданд


Як мақоми афғон бидуни бурдани ном ба Озодӣ гуфт, интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии Афғонистон 5 апрели соли 2014 доир хоҳад шуд. Қарор аст, рӯзи раъйгирӣ расман рӯзи чоршанбе эълон шавад. Ин маърака дар ҳоле хоҳад гузашт, ки Афғонистон бо хуруҷи нирӯҳои эътилоф то поёни соли 2014 дар як марҳалаи барои суботаш ҳаллкунанда қарор мегирад. Ҳомиди Карзай, ки давраи дувуми раёсаташро сипарӣ мекунад, қонунан ҳаққи ширкат дар интихоботи соли 2014-ро надорад. Ӯ бо талаби таъйини рӯзи интихобот таҳти фишори мухолифин қарор дорад.
XS
SM
MD
LG