Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои Ситора, Абдусубҳон ва котиби суд: кӣ ҳақ аст?


Намое аз шаҳри Исфара. Акс аз бойгонӣ.
Намое аз шаҳри Исфара. Акс аз бойгонӣ.

Як сокини шаҳри Исфара иддао дорад, ки аз ҷониби як корманди додгоҳ лату кӯб шудааст.

Абдусубҳон Абдуллоев, сокини 31-солаи шаҳри Исфара ба дафтари Озодӣ дар шаҳри Хуҷанд омад ва гуфт, ӯро рӯзи 4-уми октябр, Парвиз Қурбонов, котиби додгоҳи Исфара зери мушту лагад кашид ва ноҳияи зери шикамашро хунолуд гардонид. Вай гуфт, ки баъди сабти осори лату кӯб дар идораи полис, ӯ панҷ шабонарӯз дар беморхонаи Исфара бистарӣ шудааст.

Абдуллоев мегӯяд, ки сабаби сар задани моҷаро гӯё равобити маҳрамонаи ин корманди додгоҳ бо ҳамсараш Ситора будааст. Вай мегӯяд, ки худ соҳибкор буда, дар бозори Исфара кор мекунад. Вай нақл кард, ки тӯли як сол аз ҳамсараш Ситора ҷудо зиндагӣ мекард ва ниҳоят ба қароре расиданд, ки аз ҳам ҷудо шаванд. Онҳо соҳиби ду фарзанд будаанд ва додгоҳи Исфара дархости талоқи онҳоро рад кардааст.

Ин соҳибкор мегӯяд, ки гӯё ҳангоми ворид шудан ба коргоҳи ҳамсараш рӯзи 4 октябр "шоҳиди муносибати маҳрамонаи Ситора ва Парвиз Қурбонов, котиби додгоҳи Исфара" шудааст.

- Наход корманди додгоҳ чунин рафтор кунад? Як кас сари ҷаҳл аз болои ҳамсараш аризаи ҷудошавӣ нависаду баъд он зан ба чашми корманди додгоҳ маъқул шавад, ба ҷойи аризаи онҳоро дидан ё онҳоро оштӣ додан, бо вай муносибати маҳрамона барқарор кунад, магар дуруст аст ин кор?

Айни замон, нафари айбдоршаванда - котиби додгоҳ ин иттиҳомотро "бепояву асос" меномад. Парвиз Қурбонов дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард, ки он рӯз воқеан ҳам дар коргоҳи хонум Ситора миёни онҳо моҷарое бархостааст. Вале, гуфт ӯ, даъвои Абдусубҳон дар бораи лату кӯб воқеият надорад:

- Даъвои вай туҳмату таҳқир нисбат ба ману ҳамсари собиқаш аст. Гӯё ки ман вайро дар сари роҳи калон зада бошам, ин туҳмати маҳз аст.


Вай афзуд, он рӯз ба дӯкони билетфурӯшии ҳамсари Абдусубҳон Абдуллоев бо хоҳиши як ҳамсинфаш, ки аз Русия маблағ фиристода, расонидани онро хоҳиш карда буд, сар зад ва "зери бало" монд. Қурбонов мегӯяд, ки Абдуллоев "лаҳзае ҳозир шуд, ки онҳо пул ҳисоб мекарданд" ва ба носазо гуфтан оғоз карду онҳоро дар равобити маҳрамона айбдор намуд.


“Шавҳарам маро бадном карда, ҷудо шуданист.”

Хонум Ситора, ҳамсари 25-солаи Абдусубҳон Абдуллоев нақл кард, ки бадном кардани ӯ як баҳонаи қавӣ барои гирифтани хатти талоқ будааст. Вай мегӯяд, ки ба ҳамсараш "касе маслиҳат додааст, ки аз роҳи бадном кардани ҳамсар имкони зудтар ҷудо шудан дар суд вуҷуд дорад".

- Он рӯз, мумкин маро поида мегаштааст, ки ба коргоҳам даромада, ба Парвиз ҳар хел гапҳои сахт зад, таҳдид кард, ки ӯро ҳабс мекунад. Парвиз ба вай гуфт, ки ақаллан ҳурмати занатро, ҳарчанд ҳозир ҳамроҳ зиндагӣ накунед ҳам, нигаҳ дор, аммо вай овозашро баландтар мекард.Мақсадаш, ки номи маро бад карда, расман ҷудо шавад. Аммо байнашон ҷанг ё занозанӣ нашуд.

Хонум Ситора мегӯяд, ки дар давоми ҳафт соли оиладорӣ онҳо соҳиби ду фарзанд шуданд. Вай мегӯяд, ки духтари чорсолааш Зиннатхон бемор аст ва аз гуфтор мондааст. Ба қавли хонум Ситора, додгоҳ бо ҳамин сабаб ба Абдусубҳон Абдуллоев иҷозаи тарки ин хонавода надода машварат додааст, ки тифли беморро ҳамроҳ муроқибат кунанд: "Вале шавҳарам ба ҳар роҳ мехоҳад ҷудо шавад”. Ҳоло, мегӯяд вай, "номи неки ӯ" доғдор шуда, вай дигар омода аст аз шавҳар ҷудо шавад ва барои тӯҳмати Абдуллоев аз болояш ба додгоҳ шикоят кунад.


Додситонӣ: “Қазия дар ҳоли баррасист”

Дар ҳамин ҳол, дар додситонии шаҳри Исфара вуҷуди чунин як даъворо тасдиқ карда мегӯянд, ки аз рӯи ин қазия санҷише шурӯъ шудааст. Назирҷон Абдураҳимов, сармуфаттиши додситонии Исфара ба Озодӣ гуфт, ки аризаи Абдуллоев ба додситонӣ дастрас шуда, вай ба санҷиши қазия машғул аст.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, Абдураҳмон Тураев, вакили дифои Абдуллоев гуфт, додситонии Исфара бо дархости онҳо рӯзи 22-юми октябр таърихи бемории Абдуллоевро ҷиҳати ташхиси дубора ба ташхисгоҳи додгоҳиву тиббии вилоятӣ ба шаҳри Хуҷанд равон кард. Ва ташхиси такрорӣ вуҷуди нишонаҳои ҷанҷол, мисли харошу доғҳоеро дар ҷисми Абдусубҳон тасдиқ карда бошад ҳам, ҷароҳати ӯро "сабук” номидааст. Ва ин тақрибан ба маънии инкори лату кӯб пазируфта шудааст.

Назари ҳуқуқшинос

Муҳаббат Ҷӯраева, раҳбари маркази ҳимоят аз ҳуқуқи башар , “Адвокати ту” дар Хуҷанд мегӯяд, зери мушту лагад гирифтани як сокини оддӣ аз ҷониби як корманди додгоҳ кори оддӣ нест. Вай афзуд: “Чунки котиби додгоҳ аз қонунҳои Тоҷикистон бохабар аст ва вазифааш ҳам ҳимоят аз қонун ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон аст. Бинобар ин, дар ҳолати ҷангу ҷӯши шаҳрванди оддӣ низ котиби додгоҳ бояд таҳаммул ва муноқишаро бо роҳи қонунӣ ҳал мекард. Аммо ба ҷойи ин вай ба сари як шаҳрванди оддӣ мушт бардошта, ба ӯ зарарҳои ҷисмониву маънавӣ расонидааст. Ин амал мутобиқи Асноди ҷиноии Тоҷикистон бармало берун рафтан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва суиистифода аз мансабҳои давлатӣ аст.”

Ҳодисаи лату кӯби ҷавони исфарагӣ аз ҷониби котиби додгоҳ миёни сокинони огоҳ аз қазия вокунишҳоеро ба думбол овардааст. Айни замон, бисёриҳо дар Исфара умедворанд, ки додситонӣ таҳқиқи ин қазияро мунсифона анҷом дода ва ҳақиқатро барқарор хоҳад кард.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG